Апрел 23, 2020 10:07 Asia/Dushanbe
  • Марги як пизишк дар шаҳри Бохтари Тоҷикистон

Як пизишк дар шаҳри Бохтари Тоҷикистон фавтид .

Ба нақл аз Ахбор, Шерхон Тупалангови 55 сола пизишки махсуси атфол буд,ки 19 апрел дар бемористони шаҳри Бохтар маркази устони Хатлон фавтидааст.

Манбаъҳои хабари эълон карданд,ки вай 5 рӯз пеш аз марг таби бисёр баланд доштааст.

Аммо масулон мегуянд ин пизишки махсуси атфол ба иллати бемории шуш фавтидааст ва озмоиши Каронаи Ӯ манфӣ будааст.

Шерхон Тупалангов дар минтақаи Кушониён наздики шаҳри Бохтар дафн шуд.

 Марги ин пизишк дар Бохтар ҳамзамон бо марги 4 бемор дар маркази беҳдошти шаҳри шумораи 1 дар Душанбе буд.

Хуршед Рустамзода мудири бемористон гуфт ; озмоишоти Карона дар ҳар чор  бемори фавтида манфӣ будааст.

Ӯ афзуд ; ҳар чор нафар аз беморон ба иллати ибтило ба бемории шуш фавтидаанд.

Таи як ҳафтаи гузашта (12 то 19 апрел ) ду корманди идороти пизишкӣ дар шаҳри Бохтар ҳам вафот карданд.

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон иддао мекунад,ки то ба имрӯз ҳеҷ мавриде аз Карона дар ин кишвар эълон нашудааст.