Карантин ва баста шудани бемористони марказии вилояти Суғд
Манобеи мустақил аз иҷрои карантин ва баста шудани бемористони марказии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд хабар додаанд.
Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, мудирияти ин маркази дармонӣ эълом кардааст, ки танҳо беморони ниёзманд ба амали ҷарроҳии фаврӣ ва афроди бо таби болоро пазириш мекунанд ва дар дигар маворид бояд ба дигар бемористонҳо муроҷиа шавад.
Аз ин рӯ дар ин бемористони ҳафтқабатае, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд воқеъ шудааст, танҳо ду шуъбаи фавриятҳо ва бемориҳои танаффусии афроди дорои таби болоро пазириш мекунанд, ки дар қабати чаҳорум фаол мебошанд ва дигар бахшҳо баста ва карантин шудаанд.
Ҳамчунин тамомии дорухонаҳои атрофи ин бемористон низ баста шудаанд.
Бо ин ҳол мақомоти бемористони марказии шаҳри Хуҷанд ҳозир нашуданд дар бораи иллати иҷрои карантин ва баста шудани ин маркази дармонӣ тавзеҳ диҳанд.
Чанд муддат аст, ки ба далели интиқоли теъдоде аз афроди машкук ба вируси корона аз дигар навоҳии шимоли Тоҷикистон ба бемористони марказии шаҳри Хуҷанд ва карантини ин афрод, овозаҳое дар бораи вуҷуди ин маризӣ мунташир мешавад.
Аммо мақомоти бемористонӣ муддаианд, ки ин маворид ба илтиҳоби шуш иртибот дорад ва нишоне аз вируси корона мушоҳида нашудааст.
Ба гуфтаи ин мақомот то рӯзи 24 апрели соли равон дар марокизи дармонии вилояти Суғд 606 нафар таҳти карантин ҳастанд ва ду ҳазору 923 тан аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд, ки ҳеҷ мавриди ибтило ба вируси корона дар ин афрод набудааст.