Апрел 26, 2020 13:06 Asia/Dushanbe
  • Бемории ду ҳомии ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия

Аксаре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз бемории ду нафар аз ҳомиёни саршиноси ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ибрози нигаронӣ карда хостори дуои дастаҷамъӣ ва талаби шифои комил барои онон аз даргоҳи Худованди мутаол дар моҳи мубораки Рамазон шудаанд.

Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Каримҷон Ёров- раҳбари созмони ғайриҳукуматии "Этмос" эълом кардааст, ки пизишкон нишонаҳои бемории вируси корона аз ҷумла таби боло,  тангии роҳҳои нафас ва аз даст додани ҳисси маззаро дар ӯ мушоҳида карда ва ба вай гуфтаанд, ки бояд  дар хона бимонад ва таҳти дармон қарор гирад.

Вай таъкид кардааст, ки акнун ҳолаш беҳтар аст.

Иззат Амон аз дигар ҳомиёни саршиноси ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия низ эълом кардааст, ки ба шиддат аз тангии нафас ранҷ мебарад ва пизишкон таваҷҷуҳи чандоне ба ҳоли вай надоранд.

Ин дар ҳоле аст, ки бо талоши ин ду, хайирони тоҷик дар шароити таътилии марокизи саноатӣ ва тиҷории Русия ба далели густариши вируси корона, ки муҷиби бекор шудани садҳо ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ шудааст, панҷ маркази хайрияро барои кумак ба ҳамватанони хеш дар панҷ шаҳри Русия ифтитоҳ карданд.

Коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар шароити  иҷрои маҳдудияти шадиди равуо ва карантин ба далели густариши вируси корона дар Русия ба сар мебаранд, метавонанд аз ин марокиз маводди ғизоии ройгон дарёфт намоянд.