Апрел 27, 2020 13:57 Asia/Dushanbe
  • 167 доллар, саронаи тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар се моҳи нахусти 2020

Саронаи тавлиди нохолси миллии Тоҷикистон дар се моҳи нахусти имсол (2020), 167 доллар эълом шуд.

Ба нақл аз сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, тавлиди нохолиси миллии ин кишвар дар се моҳи нахусти имсол ба 15 миллиарду 973 миллион сомонӣ баробар бо як миллиарду 500 миллион доллар расидааст.

Ҳамчунин дар ин муддат саҳми ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз тавлиди нохолиси миллӣ, як ҳазору 714 сомонӣ баробар бо 167 доллар будааст.

Ҷамъияти Тоҷикистон бар асоси эъломи Ожонси давлатии омори ин кишвар дар се моҳи нахусти имсол ба 9 миллиону 300 ҳазор нафар расидааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 100 ҳазор нафар бештар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон, расондани ҳаҷми умумии тавлиди нохолиси миллии ин кишвар барои имсол ба мизони 78 миллиарду 200 миллион сомонӣ (баробар бо 7 миллиарду 600 миллион доллар) барномарезӣ кардааст.

Ин шохис дар соли 2018 ба 68 миллиарду 844 миллион сомонӣ (баробар бо 6 миллиарду 700 миллион доллар) ва дар соли 2019 ба 77 миллиарду 300 миллион сомонӣ (баробар бо 7 миллиарду 500 миллион доллар) расида буд.

Аз сӯи дигар қарзи хориҷии Тоҷикистон дар се моҳи гузашта ба ду миллиарду 800 миллион доллар расидааст, ки 52 дарсади он қарзҳои Бонки содирот ва воридоти Чин мебошад.

 

Барчасп