Бистарии 319 бемори машкуки мубтало ба бемориҳои роҳҳои нафас дар бемористони Душанбе
Апрел 28, 2020 09:01 Asia/Dushanbe
319 бемори машкуки мубтало ба бемориҳои роҳҳои нафас дар бемористони Душанбе бистарӣ шуданд.
Ба нақл аз Авесто ва Маркзи матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон , Хуршед Рустамзода- мудири бемористони уфунии рақами яки шаҳри Душанбе гуфт: Аз ин теъдод бемори бистаришуда 136 нафар корманди бахши беҳдошт ва дармон ҳастанд.
Ӯ афзуд: Ҳамчунин дар бемористони рақами яки шаҳри Душанбе, 11 нафар бар асари илтиҳоби шуш фавт карданд ва 8 нафар низ дар бахши муроқибатҳои вижа бистарӣ ҳастанд.