Апрел 28, 2020 10:59 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли таҷҳизоти пизишкӣ ба Тоҷикистон

Ожонси тавсеа ва ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ва Фонди кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид, таҷҳизоти пешгирӣ аз бемории корона ба Тоҷикистон ирсол карданд.

Ба нақл аз Авесто, мутобиқи гуфтаи Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, ин кумакҳо ба унвони бахше аз талоши муштараки Ожонси тавсеа ва ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон (SDC) ва Фонди кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (UNICEF) барои тақвияти зарфияти миллии Тоҷикистон барои омодасозӣ ва посухгӯӣ ба шуйюи эҳтимолии бемории корона, ба ин кишвар ирсол шуд.

Таҷҳизоти муҳофизи шахсӣ ба арзиши 500 ҳазор сомонӣ, ҳазору 863  либоси якбормасраф, 1000 адад дасткаши беҳдоштӣ, 2000 дастгоҳи танаффус, 1500 адад ниқоби тиббӣ, 1500 муҳофизи сурати пластикӣ, 6000 килограм хлор, 2000 қутӣ моеъи зиддиуфуникунанда, 100 адад чароғи ултрабунафш, 1000 кулоҳи якбормасраф, 1000 рӯкаши пояфзоли якбормасраф ва 50 сканери ҳароратӣ аз ҷумла колоҳои ирсолии Швейтсария ва Фонди кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид ба Тоҷикистон аст.