Апрел 30, 2020 13:28 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби ислоҳоти будҷаи давлат дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ислоҳоти қонуни будҷаи давлатро тасвиб кард.

Ба нақл аз ИСНО, бар асоси ин мусаваба бархе ашхос аз пардохти молиёт бар арзиши афзуда ва аворизи гумрукӣ маоф мешаванд.Юсуф Маҷидӣ муовини вазири молияи Тоҷикистон гуфт ; ҳамчунин мутобиқи ислоҳот, таъминкунандагони гул ва дарахтони тазинӣ барои пойтахт, таҳиякунандагони базри маҳсулоти зироӣ ва ширкатҳои умронӣ сохти ва такмилкунандаи неругоҳҳои Роғун аз пардохти молиёт бар арзиши афзуда ва аворизи гумрукӣ маоф ҳастанд. Муовини вазири молия афзуд ; ин тасмим барои тасриъ дар сохти неругоҳи Барқи обии Роғун гирифта шуд.