Май 01, 2020 20:27 Asia/Dushanbe
  • Ҷудо кардани маоши моҳонаи раисҷумҳури Тоҷикистон барои мубориза бо бемории корона

Раисҷумҳури Тоҷикистон маоши моҳонаи худро ба ҳисоби бонкии вижаи таъмини молии пешгирӣ ва мубориза бо бемории корона ворез кард.

Ба гузориши “Спутник” ва Хадамоти матбуотии раиси давлат, раисҷумҳури Тоҷикистон 12 миллиону 400 ҳазор сомонӣ (1 миллиону 200 ҳазор доллар) аз сандуқи захираи раёсатҷумҳуриро барои пардохти дастмуздҳои изофакорӣ ва маоши пизишкон ба муддати се моҳ ихтисос дод.

Илова бар ин, Раҳмон маоши моҳонаи худро ба ҳисоби Ситоди муқобила бо бемории корона ворез кард. Кормандони тандурустӣ, ки мустақиман дар ташхис ва муолиҷаи корона дар марокизи беҳдоштӣ ва дармонӣ дахил ҳастанд , илова бар маош, подоши семоҳа дарёфт мекунанд.

 

Барчасп