Дархости ҷомеаи мадании Тоҷикистон аз ҳайати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ
16 созмони узви Эътилофи ҷомеаи мадании Тоҷикистон аз ҳайати эъзомии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дархост кардааст, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистонро ба додани тавзеҳ дар бораи дер эълом шудани вуҷуди вируси корона водор кунад.
Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, ҳайати эъзомии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ шаби дувуми моҳи май бо парвози ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр аз Олмон вориди Душанбе шуд то вазъияти ин кишварро дар пайи эъломи шуйюи вируси корона мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон пас аз муддатҳо сукут рӯзи 30 апрели имсол аз вуҷуди 15 бемори мубтало ба вируси корона дар ин кишвар хабар дод.
Ҷомеаи мадании Тоҷикистон муддаӣ аст, ки мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо пинҳонкорӣ ва ироа накардани ахбори дақиқ аз вуҷуди вируси корона дар ин кишвар муҷиби эҷоди тарс ва ваҳшат миён мардум шудаанд.
Интиқоли аҷсоди афроде, ки иддао мешавад бар асари илтиҳоби шуш фавт шудаанд бидуни нишон додани онон ба хонаводаҳояшон, гузоштани онон дар тобутҳои сарбаста ва гӯрондани аҷсод ба дасти пизишкон ва кормандони полис, овозаҳо дар бораи вуҷуди вируси корона ва пинҳонкории мақомотро дар фазои маҷозӣ густариш дод. Ҳатто намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ба пурсишҳои расонаҳои хабарӣ дар бораи вуҷуди вируси корона посухи мушаххас ироа накарда ва гуфта буд, ки ба таври қатъ наметавонад набуди ин вирусро дар Тоҷикистон таъид кунад.