Май 04, 2020 10:16 Asia/Dushanbe
  • Дафни донишманди тоҷик таҳти тадбирҳои шадиди амниятӣ

Мақомоти амниятӣ дар ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон ҷасади донишманди риштаи ҳунар ва устоди донишгоҳро, ки ба гуфтаи бастагонаш бар асари бемории КОВИД-19 даргузаштааст, таҳти тадбирҳои шадиди амниятӣ ба хок супурданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Абубакр Зубайдӣ, ки дар бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бистарӣ буд ахиран даргузашт ва дар зодгоҳаш рустои Рукнободи ноҳияи Панҷакент ба хок супурда шуд.

Сокинони рустои Рукнобод, маҳалли дафни Зубайдӣ гуфтаанд, ки кормандони амниятӣ пас аз дафни вай селофанеро, ки ҷасадро печонда буданд, оташ задаанд.

Манобеи бемористонӣ иллати бистарӣ шудани вайро илтиҳоби шуш эълом кардаанд, аммо наздикони вай мегӯянд, ки ин устоди риштаи ҳунар дар пайи дучор шудан ба коронавирус ҷони худро аз даст додааст.

Ба гуфтаи манобеи мустақили хабарӣ дар рӯзҳои ахир теъдоди зиёде дар бемористони бемориҳои сироятии Душанбе фавт кардаанд ва ба дасти неруҳои амниятӣ таҳти тадбирҳои шадиди амниятӣ ба хок супорида шудаанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пурсидаанд, агар иллати фавти ин ашхос илтиҳоби шуш бошад, ба чи далел бо карантин кардани аъзои хонаводаҳои онон аҷсодро кормандони амниятӣ ба хок месупоранд?

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабти ду мавриди фавт ва 128 мавриди олуда шудани афрод ба коронавирус  дар ин кишвар хабар додааст.