Поёни фарохонии ҷавонони тоҷик барои эъзоми хидмати ҳарбӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53328-Поёни_фарохонии_ҷавонони_тоҷик_барои_эъзоми_хидмати_ҳарбӣ
Фарохонии ҷавонон барои хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон поён ёфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 04, 2020 17:52 Asia/Dushanbe
  • Поёни фарохонии ҷавонони тоҷик барои эъзоми хидмати ҳарбӣ

Фарохонии ҷавонон барои хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон поён ёфт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз  Спутник,тарҳи  фарохонии баҳории эъзоми ҷавонон ба сарбозӣ  90 дар сад иҷро шуд. 
 
 Ба гуфтаи Ориф Нозимиён раиси маркази матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон ,дар вилояти Бадахшон 100 дар сад тарҳи баҳории  эъзоми ҷавонон ба сарбозӣ иҷро шуд. 
 
 Нозимиён афзуд: мақомот вазорати дифои Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон ва кулли кишвар 80 дар сад тарҳи баҳории эъзом ба хидмати сарбозиро иҷро карданд. Раиси маркази матбуотии вазорат дифои Тоҷикистон гуфт : мизони иҷрои ин тарҳ дар минтақаи Суғд 70 дар сад будааст. 
 
Тарҳи даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон аз аввали апрел оғоз шуд. 
 
 Дар Тоҷикистон ҳар сол 2 мартаба дар фасли баҳор ва поиз барои даъвати ҷавонон ба хидмати сарбозӣ фарохон дода мешавад.