Май 05, 2020 08:39 Asia/Dushanbe
  • Таътилии муваққати марокизи хадамоти интернетӣ ва бозиҳои кампютерӣ дар Хатлон

Раиси полиси вилояти Хатлон дастур дод тамоми марокизи хадамоти интернетӣ ва бозиҳои кампютерӣ дар ин минтақа таътил шавад.

Ба гузориш радиои тоҷики Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, генерал Искандар Солеҳзода дар дидор бо сокинони вилояти Хатлон хостори риояти муқаррароти маҳдудияти равуо дар маҳаллаҳо ва кӯчаҳо ва таътилии масҷидҳо шуд.

Вай таъкид кард: Барои ҷилавгирӣ аз густариши корона дар вилояти Хатлон, гурӯҳҳои вижаи полиси минтақа дар дидор бо мардуми шаҳрҳову навоҳӣ зарурати иҷрои дастуроти Ситоди муқобила бо коронаро ёдоварӣ мекунанд.

Ӯ гуфт: Ин гурӯҳҳо аз мардум дархост мекунанд, ки тавсияҳои пизишкӣ ва беҳдоштиро риоят кунанд.