Афзоиши шумори афроди мубтало ба корона дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 05 May 2020 05:14:48 GMT )
Май 05, 2020 10:14 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори афроди мубтало ба корона дар Тоҷикистон

Шумори афроди ҷадиди мубтало ба корона дар Тоҷикистон 250 нафар шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории расмии Тоҷикистон, Ховар ва ба нақл аз вазорати тандурустии ин кишвар, бо ҳисоби 20 нафари нави шиносоишуда, теъдоди афроди мубтало дар Тоҷикистон ба 250 нафар расид.

Бар ин асос то кунун 3 нафар бар асари корона дар Тоҷикистон фавт кардаанд. Ҳамчунин 3208 мавриди машкук ба корона то замони таъид ё радди беморӣ дар марокизи дармонӣ бистари шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта эълом карда буд, ки 319 мавриди машкук ба бемории илтиҳоби шуш ба бемористоне дар шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар мунтақил шуданду то кунун 11 тан аз онҳо фавт карда ва дармони 8 нафари дигар дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористон идома дорад.

Дар тамоми мактабҳо ва кӯдакистонҳо дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз шуйюи вируси корона аз таърихи 27 апрел то 10 май таътил эълом шудааст.