Май 07, 2020 16:50 Asia/Dushanbe
  • Кумаки молии ТАлКо ба ситоди муқобила бо корона

Ширкати ТАлКо 600 ҳазор сомонӣ ба Ситоди муқобила бо коронаи кишвар кумак кард.

Ба гузориши “Спутник”, бо дастури Шералӣ Кабиров, яке аз мудирони бузургтарин ширкати саноатии Тоҷикистон ТАлКо ин маблағ ихтисос ёфт.

Ин иқдомро Мардихудо Давлатов, раиси Созмони “Авангард” дар “Фейсбук” мунташир кард.

Корхонаи алюминийи Тоҷикистон бузургтарин корхонаи ин кишвар аст, ки дар 60-километрии шаҳри Душанбе, дар Турсунзода воқеъ шуда ва 8 ҳазор нафар дар он кор мекунанд.

Зарфияти тавлиди Корхонаи алюминийи Тоҷикистон 503 ҳазор тонна дар сол аст.