Оғози сохти бемористони саҳроӣ дар шаҳри Душанбе
Мутахассисони узбакистонӣ кори сохти бемористони саҳроӣ дар шаҳри Душанберо ба манзури дармони беморони мубтало ба корона оғоз карданд.
Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, таҷҳизоти мавриди ниёзи сохти ин бемористон бо истифода аз114 контейнер аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон мунтақил шуд.
Тахти хоб, кондитсионер, яхдон, лавозими барқиву оби гарм аз таҷҳизоти ин бемористони саҳроӣ аст.
Ҳамчунин бо дастури Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон 8 май тиме аз пизишкони мутахассиси ӯзбак барои кумак ба ҳамтоёни тоҷики худ барои муқобила бо корона вориди шаҳри Душанбе шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар тамоси телефонии ду рӯзи қабл бо Шавкат Мирзиёев, ҳамтои узбакистониаш, хостори кумаки фаврии Узбакистон ба Душанбе барои муқобила бо шуюи корона шуд.