Сафарбар шудани донишҷӯёни гурӯҳи улуми пизишкии Тоҷикистон ба бемористонҳои шаҳри Душанбе
(last modified Mon, 11 May 2020 03:56:49 GMT )
Май 11, 2020 08:56 Asia/Dushanbe
  • Сафарбар шудани донишҷӯёни гурӯҳи улуми пизишкии Тоҷикистон ба бемористонҳои шаҳри Душанбе

Донишҷӯёни гурӯҳи улуми пизишкии Тоҷикистон ба бемористонҳои шаҳри Душанбе сафарбар шуданд.

Ин донишҷӯён, ки дар соли охари таҳсили худ ҳастанд барои кумак ба кадри дармонӣ ва муқобила бо коронавирус ба бемористонҳои шаҳри Душанбе сафарбар шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Фарғона, Қаҳҳор Носирӣ- масъули равобити умумии Донишгоҳи улуми пизишкии Тоҷикистон гуфт: 60 дарсад аз ин донишҷӯён барои кумак ба кадри дармонӣ ба бемористонҳо ва марокизи карантин сафарбар шуданд то таҷрибаи дармони беморони мубтало ба коронавирусро касб кунанд.

Вай афзуд: Пас аз ин давра афрод ба муддати ду ҳафта дар хонаҳояшон карантин хоҳанд шуд то итминон пайдо шавад, ки онон ба коронавирус мубтало нашуданд.

Дар Тоҷикистон 18 ҳазор пизишк ва 46 ҳазор ҳамшираи шафқат фаолият мекунанд, аммо мақомот мегӯянд, ки илова бар ин теъдод дар шароити шуйюи коронавирус дар кишвар ниёз ба хадамоти 8 ҳазор пизишк ва ҳамшираи шафқати дигар эҳсос мешавад.