Май 12, 2020 09:02 Asia/Dushanbe
  • Лату куби хабарнигори Азия-Плюс дар шаҳри Душанбе

Абдулло Ғурбатӣ- хабарнигори 23 солаи сомонаи Азия-Плюс шомгоҳи 11 май дар назди бозори мавсум ба Корвони шаҳри Душанбе ва наздикии хонааш мавриди ҳамлаи ду фарди ношинос қарор гирифт ва ба бемористон мунтақил шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, вай дар паёми кутоҳе дар Фейсбук бо интишори аксе аз чеҳраи хунинаш гуфтааст, ки ин ду муҳоҷим дар пайи сару садои вай аз маҳалли ҳодиса фирор кардаанд.

Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки ахиран афроди ношиносе тайи тамосҳои телефонӣ Абдулло Ғурбатиро таҳдид карда буданд.

Вай тайи рӯзҳои ахир матолиби зиёде дар бораи вазъи бемористонҳо ва камбуди имконот дар Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус мунташир кардааст.

Ин хабарнигор борҳо дурӯғгӯии мақомотро дар бораи набуди даъвати иҷбории сарбозон ба артиши Тоҷикистон ифшо кардааст.

Созмонҳои мустақили рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон бо маҳкум кардани ҳодисаи ҳамла ба ин хабарнигор, шиносоӣ ва муҷозоти омилони ҳамла ба Абдулло Ғурбатиро хостор шудаанд, ки бояд ба унвони ҳамла ба озодии сухан дар ин кишвар арзёбӣ шавад.