Май 12, 2020 12:32 Asia/Dushanbe
  • Контроли вазъияти пизишкии зиндонҳои Тоҷикистон

Сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон эълом кард: Вазъияти беҳдоштӣ дар зиндонҳои кишвар таҳти контрол аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, Мансурҷон Умаров гуфт: Дар зиндонҳои кишвар тамоми таҷҳизоти пизишкӣ ва дору ба миқдори кофӣ мавҷуд аст.

Ӯ афзуд: Афроде, ки таб доранд билофосила муоина ва карантин мешаванд.

Сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон ҳамчунин гуфт: Ҳамакнун 30 бемор дар ҳоли дармон ҳастанд, ки вазъияти чаҳор нафар аз онҳо буҳронӣ аст.

Вай гуфт: Шахсан ба масъулони зиндон дастур дода шуда, ки авзои саломатӣ ва беҳдошти зиндониёнро ҷиддӣ бигиранд.

Мансурҷон Умаров афзуд: Даҳҳо зиндоние, ки аз саломатии худ шикоят доштанд, муолиҷа шуданд аз ҷумла Зайд Саидов- вазири собиқи саноат  ва Раҳматулло Раҷаб- яке аз масъулони Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ҳар ду муддате дар шароити номуносибе буданд, онҳо таб доштанд, ба бемористон мунтақил шуданд ва акнун вазъияти онҳо дар ҳоли беҳбуд аст.

Умаров гуфт: Хешу табор аз тариқи тамоси телефонӣ бо вазъияти беҳдоштии зиндониён ошно мешаванд.

Вай гуфт: Аз 31 март ҳамаи боздидҳо ва намоишҳо дар зиндон мамнуъ шудааст.