Ирсоли кумакҳои пизишкӣ ва ғизоӣ ба Бадахшон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53641-Ирсоли_кумакҳои_пизишкӣ_ва_ғизоӣ_ба_Бадахшон
Мақомоти Тоҷикистон 20 тон кумаки пизишкӣ ва ғизоӣ ба Хоруғ ирсол карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 14, 2020 12:17 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли кумакҳои пизишкӣ ва ғизоӣ ба Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон 20 тон кумаки пизишкӣ ва ғизоӣ ба Хоруғ ирсол карданд.

Ба нақл аз Тоҷикта , ин кумакҳо бо ҳадафи ҳимоят аз кадрҳои пизишкӣ ва беморони марказии минтақаии шаҳри Хоруғ ирсол шуд. Ин кумакҳо шомили 4 тон орд,2 тона биринҷ шакар макарон, себзамини, пиёз , сабзи ва ҳамчунин таҷҳизоти пизишкии , ниқоб, зидиуфуникунанда, дору ва либосҳои мухталиф аст. Фарид Музафаров раиси идораи тандурустии Бадахшон гуфт ; кумакҳои дарёфтшуда ба коркунони пизишкии бемористон кумак мекунад то дақиқтар барои саломати мардум талош кунанд. Ҳамчунин ширкати Помир энержии Тоҷикистон низ 30 ҳазор адад ниқоб ,2 ҳазор ҷуфт дасткаш 10 даст либоси махсуси муҳофизат барои кормандони пизишкӣ,алкули пизишкӣ,кулер ва дасгоҳи танафус ,ба арзиши 296 ҳазор сомонӣ ба бемористони Хоруғ кумак кард.