Май 17, 2020 12:22 Asia/Dushanbe
  • Хонаводаи тоҷик, муттаҳам ба интиқоли коронавирус ба 89 нафар дар Русия

Мақомоти вилояти Челябински Русия аъзои як хонаводаи тоҷикистониро ба интиқоли коронавирус ба 89 нафар дар шаҳри саноатии Магнитогорск муттаҳам кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Ирина Гехт- муовини волии Челябинск гуфтааст, ки падари ин хонавода, ки дар бозори мева ва сабзавот дар наздикии истгоҳи марказии роҳи оҳани шаҳри Магнитогорск фаолият мекард, коронавирусро ба теъдоде аз муштариён, аъзои хонавода ва ҳамсоягони хеш мунтақил кардааст.

Муовини раиси вилояти Челябинск таъкид кардааст, ки ин хонаводаи тоҷикистонӣ солҳои зиёде аст, ки дар шаҳри Магнитогорск зиндагӣ мекунад ва акнун далели мубтало шудани падари ин хонавода ба коронавирус ва интиқоли ин вирус ба дигарон дар дасти баррасӣ мебошад.

Теъдоди кулли мубталоён ба коронавирус дар шаҳри Магнитогорск  348 нафар эълом шудааст.

 

Барчасп