Май 17, 2020 13:07 Asia/Dushanbe
  • Рухсат ёфтани додситони кулли Тоҷикистон аз бемористон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ҷавоб шудани додситони кулли ин кишвар аз бемористон пас аз як ҳафта дармони илтиҳоби шуш хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Юсуф Раҳмон, ки ба иллати илтиҳоби шуш дар маркази миллии пайванди аъзо дар шаҳри Душанбе бистарӣ шуда буд, беҳбуд ёфта ва ҷавоб дода шудааст.

Вай пас аз мураххас шудан аз ин бемористон аз заҳамоти мақомоти Вазорати тандурустӣ ва пизишкони маркази миллии пайванди аъзо барои дармони хеш ташаккур кардааст.

Муҳаммадтоҳир Зокирзода- раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ ахиран пас аз 10 рӯз дармон дар бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе шифо ёфта ва мураххас шуд.

Мақомот иллати бемории вайро низ илтиҳоби шуш унвон кардаанд.

Аз сӯи дигар коршиносон муътақиданд, ки мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо илтиҳоби шуш эълом кардани иллати фавти афрод, қасд доранд омори воқеии маргу мири бархоста аз коронавирусро пинҳон кунанд, зеро ҳеҷгоҳ дар Тоҷикистон ин теъдод афрод аз илтиҳоби шуш ҷони худро аз даст надодаанд, ки битавон ба иддаои мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон эътимод кард.