Май 18, 2020 09:05 Asia/Dushanbe
  • Одобу русуми мардуми Тоҷикистон дар моҳи Рамазон

Шаҳрвандони тоҷик одобу русуми вижае дар замони ифтори моҳи Рамазон доранд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, навъе аз ифтори ҷамъие, ки дар хонаҳои тоҷикистониҳо баргузор мешавад замоне аст, ки сарпарасти хонавода ҳамаи қавм, ҳамсоягон ва дӯстони худро даъват мекунад. Ин аз суннатҳои қадимии кишвар аст ва ҳеҷ кас наметавонад даъватро напазирад. Фазои мушаххасе низ дар хона барои хондани намози ҷамоат ва  дуо ихтисос дода мешавад. Баъд аз намоз, Қуръон тиловат ва дар тамоми ин фаолитяҳо миёнваъдаҳои ғизоӣ байни меҳмонон пахш мешавад.

Ҳамчунин мусулмонони Тоҷикистон дар рӯзҳои Рамазон тағйироте дар дастархонҳои ғизо (саҳарӣ ва ифтор) медиҳанд ва дастархонҳои саҳар ва ифтори тоҷикҳо бо ғизоҳое монанди биринҷи бухорӣ (маъруф ба оши палов), мастова (суп), кабоб ва самбӯса тазъин мешавад.

Ҳамчунин дастархони ифторӣ бо кампоти зардолу, олуча, себ ва гелос пур мешавад.

Шириниҳои суннатӣ, анвои намуди мураббо ва асал низ аз дигар хурокиҳое аст, ки шаҳрвандони тоҷик дар дастархонҳои ифтор аз онҳо истифода мекунанд.