Май 19, 2020 13:20 Asia/Dushanbe
  • Воридоти 509 тонна тухмии картошка

Вазорати зироати Тоҷикистон 509 тонна тухмии картошка ворид кард.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати зироати Тоҷикистон  (moa.tj) гули розҳои калон, сурх ва марворид аз ҷумлаи тухмиҳои воридотӣ мебошанд, ки дар байни деҳқонони кишвар тақсим карда шудааст, аз он 118 тонна тухмии воридшуда дар вилояти Суғд, 75 тонна дар Хатлон, дар Бадахшон 208 тонна ва дар ноҳияи Рашт 107 тонна тухмӣ дар байни деҳқонон тақсим карда шудааст.

Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) низ ба Тоҷикистон 80 тонна базри картошка содир кард, ки аз он 3 тонна ба вилояти Суғд ва 50 тонна ба Рашт интиқол дода шуд.