Кӯмаки пизишкии гурӯҳи Авесто ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон
(last modified Tue, 19 May 2020 09:23:56 GMT )
Май 19, 2020 14:23 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки пизишкии гурӯҳи Авесто ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон

Гурӯҳи Авесто маҳмулаи кӯмакҳои пизишкиро ба масъулони Вазорати тандурустӣ, дармон ва ҳимояти иҷтимоии Тоҷикистон таҳвил дод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин кӯмакҳо шомили доруҳои антибиотик, зидди вирус, витамин ва лавозими беҳдоштӣ ба арзиши 3 миллиону 400 ҳазор сомонӣ аст.

Ин маҳмула аз кишварҳои Фаронсая, Словения, Русия, Ҳиндустон, Беларус, Украина ва Чин дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои дорусозӣ ба Тоҷикистон фиристода шуданд.

12 май гурӯҳи Авесто ба Тоҷикистон ба маблағи 530,000 лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла либоси махсуси тиббӣ, дастпӯшҳо,  айнаки муҳофиз ва ниқоб, тақдим кард. Гуруҳи Авесто  як созмони ғайридавлатист, ки дар соҳаи пешгирии саратон, дастгирии бемор ва фиристодани ёрии тиббӣ ба минтақаҳои гуногун фаъолият мекунад