Май 20, 2020 14:37 Asia/Dushanbe
  • Ду ибтикори муҳими Алиф Бонки Тоҷикистон дар даврони Корона

Алиф Бонки Тоҷикистон ,ки бар асоси бонкдории исломӣ ва бедарёфти суд аз вом фаолият мекунад, дар шароити густариши вируси корона даст ба ду ибтикори муҳим задааст.

Ба нақл аз сомонаи Осиё плюс, дар иқдоми нахуст ба муштариён эълон шудааст .ки дар ин шароити сахт барои касбу корҳо метавонанд вомҳои худро бо таъхир пардохт кунанд ва ҳеҷ навъи ҷарима низ нахоҳанд шуд.

Дар иқдоми дуввум ба ҳамроҳи Ширкати телефони ҳамроҳи TCELL  нармафзори интиқоли даромади молӣ аз Русия ба Тоҷикистонро бедарёфти кормузд роҳандозӣ кардааст ,ки дар ҳар амалиёт коргарони муҳоҷири тоҷик метавонанд аз Русия то 27 ҳазор рубли русӣ ба Тоҷикистон мунтақил кунанд.

Ин амалиёти интиқоли пул низ бедарёфти кормузд хоҳад буд дар ҳоле,ки дар дигар Бонкҳои Тоҷикистон кормузди интиқол 10 то 12 дар сад аст.

Алиф БонкиТоҷикистон бо 200 корманд дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ва шаҳри Тошканди Узбакистон фаолият мекунад.

Барчасп