Май 20, 2020 16:05 Asia/Dushanbe
  • Рисолаи устоди тоҷик дар бораи қаллобӣ, худаш қаллобӣ будааст

Пойгоҳи байналмиллалии мубориза бо асардуздӣ ва қаллобии осори илмӣ (Диссернет), устоди донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба асардуздии илмӣ ҳангоми навиштани рисолаи докторӣ муттаҳам кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Медия-Маркер, дар идомаи ифшои истифодаи бидуни истиноди шахсиятҳои тоҷик аз осори илмӣ ҳангоми навиштани рисолаи докторӣ, ин бор пойгоҳи Дисернет Рустамҷон Шарифовро ба асардуздӣ муттаҳам кардааст.

Бар асоси ин гузориш, ин устоди донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи доктории худро дар мавзӯи муҷозоти муттаҳамони қаллобӣ дар Тоҷикистон аз китобҳои панҷ донишманди рус рӯйбардорӣ карда ва танҳо вожаи Русияро ба Тоҷикистон тағйир додааст.

Ба ин тартиб теъдоди шахсиятҳои сиёсӣ ва илмии тоҷик, ки пойгоҳи Диссернет онҳоро ба сирқати илмӣ муттаҳам кардааст, ба 40 нафар расид.

Миёни ин афрод номи ду муовини нахуствазир, мушовирони раёсатҷумҳурӣ ва даҳҳо устоди донишгоҳҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон- раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар яке аз нишастҳои ҳайати давлат дар соли 2019 хитоб ба ин мақомот гуфта буд: Вақте шумо тавони навиштани рисолаи докториро надоред чи зарурат дорад, ки талош мекунед ба дараҷаҳои илмии боло бирасед?

Вай аз падидаи сирқати илмӣ ба унвони шармандагӣ барои Тоҷикистон ёд кардааст.