Май 20, 2020 19:17 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди ниқобҳои тиббии дорои ионҳои нуқрагин дар Тоҷикистон

Ширкатҳои тавлидӣ дар Тоҷикистон ниқобҳои тиббии дорои ионҳои нуқрагин тавлид карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Пужуҳишгоҳи омӯзишии Панҷакент бо ҳамкории муассисаи Маърифатпарвар ниқобҳои мунҳасир ба фард тавлид карданд.

Ин ширкатҳо тавлиди анбӯҳи ниқобҳои қобили шустушӯеро оғоз карданд, ки дорои ионҳои нуқрагин ҳастанд ва вирусҳои мухталифро аз байн мебаранд.

Дар ин ниқобҳо, ки бо назорати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тавлид мешаванд бо изофа кардани ионҳои нуқрагин метавонад 24 соат аз фард  дар баробари вирусҳо муҳофизат кунад.

Нуктаи аслӣ ин аст, ки ҳангоми шустушӯй ва дарзмол кардани ниқоби тиббӣ , нуқра вижагиҳои муҳофизатии худро аз даст намедиҳад.

Собит шудааст, ки ионҳои нуқра хосияти муҳофизатӣ доранд ва 650 намуди бактерӣ ва вирусро аз байн мебаранд.

30 нафар дар ҳоли ҳозир дар ин ширкат кор ва рӯзона 10 ҳазор ниқоби тиббии нуқрагин тавлид мекунанд.