Май 21, 2020 11:55 Asia/Dushanbe
  • Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони осебдидаи Узбакистон

Тоҷикистон дар паи шикаста шудани садди махзани Сардоба дар Узбакистон барои мардум осебзадаи устони Сирдарё кумаки башардӯстона ирсол кард.

Ба гузориши радиои бурнмарзии Садои Хуросон , муовини устондори Суғд гуфт ; кумаки башардӯстонаи тарафи тоҷикӣ шомили масолеҳи сохтмонӣ аз ҷумла симон, ранг мех ба мақомоти узбак таҳвил шуд. Анвар Ёқубӣ ин иқдомро дӯстона ва нишонаи мушорикати роҳбурдӣ байни 2 кишвар эълон кард. Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба Узбакистон дар ҳоле аст ,ки пас аз шуюи Корона дар ҷаҳон Тошканд 2 бор ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона шомили маводи ғизоӣ , таҷҳизоти муҳофизатӣ ва кантенерҳои пизишкӣ барои эҷоди як бемористони сайёр ирсол кард.