Бозгашти омӯзгорони рус аз Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53862-Бозгашти_омӯзгорони_рус_аз_Тоҷикистон
Муалимони руси шоғил дар Тоҷикистон бо ҳавопаймои вижа ба кишварашон бармегарданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 21, 2020 12:09 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти омӯзгорони рус аз Тоҷикистон

Муалимони руси шоғил дар Тоҷикистон бо ҳавопаймои вижа ба кишварашон бармегарданд.

Ба гузориши радиои бурнмарзии Садои Хуросон ,Лилия Гумировна раиси бахши илм, маориф ва фарҳанг Шурои федератсиони Русия дар ин хусус гуфт ; соли таҳсилии имсол дар Тоҷикистон ба далели авҷгирифтани бемории Корона зудтар ба поён расид.

Вай афзуд ; ба ҳамин далел Русия тасмим гирифта 48 устоди русзабонро ,ки то кунун дар мактабҳои миёнаи русзабони Тоҷикистон машғули кор буданд, ба ватан баргардонад.

Гумировна дар идома бо баёни ин ,ки 25 май парвози вижае аз Русия бо ҳадафи баргардондани омӯзгорони рус барномарези шудааст гуфт ; аммо ин ба маънии поёни тарҳи башардӯстонаи Русия дар Тоҷикистон нест.

Бинобар суханони вай асотиди рус пас аз тасбити вазъияти марбут ба Корона дар Тоҷикистон дубора ба ин кишвар боз мегарданд.

Омӯзгорони рус соли 2017 бар асоси имзои тафоҳумномаи омӯзишӣ байни мақомоти Маскав ва Душанбе вориди Тоҷикистон ва машғули таълим ва тадрис дар риштаҳои гуногун ба забони русӣ дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар шуданд.