Сохти аввалин дастгоҳи танаффуси маснӯӣ дар Тоҷикистон
Май 21, 2020 16:24 Asia/Dushanbe
Аввалин дастгоҳи танаффуси маснӯӣ дар Тоҷикистон бо талоши мутахассисони Академияи миллии илмҳои ин кишвар сохта шуд.
Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфт: Дастгоҳи танаффуси маснӯии сохташуда бомуваффақият озмоиш шуд.
Ба гуфтаи вай дар сохти ин дастгоҳ тамоми шохисҳои илмӣ ва байналмилалӣ риоят шудааст.
Аввалин дастгоҳи танаффуси маснӯӣ дар мошини ҳамли бемор ҷосозӣ шуда ва барои тасҳили танаффуси бемор истифода мешавад.
Раиси Академияи миллии илмҳои Тоҷиксттон гуфт: Барои сохти ин дастгоҳи танаффуси маснӯӣ, аз таҷҳизоти фаннии тавлидшуда дар кишвар истифода мешавад.