Май 21, 2020 19:43 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи бемористони саҳроиии сохти Узбакистон дар шаҳри Душанбе

Мутахассисони Узбакистон кори сохти як бемористони саҳроӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро ба манзури дармони беморони мубтало ба коронавирус ба поён расонданд ва ин марказ омодаи пазириши маризон мебошад.

Ба нақл аз сомонаи Taj Week, ба ин манзур, бо насби 114 контейнер, ки аз Узбакистон ба Тоҷикистон мунтақил шудааст, дар варзишгоҳи мавсум ба "Бофанда", дар муддати камтар аз ду ҳафта ин бемористон ифтитоҳ шуд.

Ин контейнерҳо дорои тахти хоб, кондитсионер, яхдон, таҷҳизоти барқӣ ва оби гарм мебошанд, ки фишор бар соири бемористонҳои шаҳри Душанберо, ба иллати афзоиши теъдоди беморони мубтало ба коронавирус коҳиш хоҳанд дод.

Ҳамчунин бо дастури Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ду тими муташаккил аз пизишкони мутахассиси узбак, барои кӯмак ба ҳамтоёни тоҷики худ дар заминаи муқобила бо коронавирус, акнун дар шаҳри Душанбе ва Хӯҷанд фаъолият мекунанд.