187 мавриди нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон бидуни афзоиши фавтидагон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53923-187_мавриди_нави_КОВИД_19_дар_Тоҷикистон_бидуни_афзоиши_фавтидагон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар 24 соати гузашта 187 бемори нави КОВИД-19 дар ин кишвар шиносоӣ шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 23, 2020 16:11 Asia/Dushanbe
  • 187 мавриди нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон бидуни афзоиши фавтидагон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар 24 соати гузашта 187 бемори нави КОВИД-19 дар ин кишвар шиносоӣ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, бо дар назар гирифтани мавориди нав, то рӯзи шанбе 23 май теъдоди кулли мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 2 ҳазору 738 нафар расидааст.

Тайи 24 соати гузашта омори фавтидаҳо бар асари корона бидуни тағйир боқӣ монда ҳамон 44 нафар, эълом шудааст.

Ҳамчунин якҳзору 223 нафар шифо ёфта аз бемористонҳои Тоҷикистон рухсат ёфтаанд.