Мамнуъ шудани воридоти равғани палм ба Тоҷикистон
(last modified Sat, 23 May 2020 16:22:20 GMT )
Май 23, 2020 21:22 Asia/Dushanbe
  • Мамнуъ шудани воридоти равғани палм ба Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон мусаввабаи мамнуияти воридоти равғани палм ба ин кишварро барои иҷро ба ниҳодҳои назоратӣ иблоғ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, дар ин мусавваба таъкид шудааст, ки воридоти анвои намуди равғани палм ба Тоҷикистон мамнуъ мебошад ва танҳо дар сурати истифода ба унвони маводди мавриди ниёз дар тавлиди маҳсулот, ба миқдори маҳдуд иҷозат хоҳад буд.

Ба Хадамоти давлатии гумрук, Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи таъмини амнияти ғизоии Тоҷикистон дастур дода шуда, ки назорат бар раванди воридоти равғани палмро шиддат бахшанд.

Ҳамчунин воридоти маҳсулоте, ки дар таркиби онҳо равғани палм истифода шуда танҳо пас аз озмоиш ва мушаххас шудани зарарнок набудани мизони ин намуди равған барои саломатии шаҳрвандон имконпазир хоҳад буд.

Ҳукумати Тоҷикистон пас аз он тасмим ба мамнуъ кардани воридоти равғани палм гирифт, ки дар соли 2019 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ин маҳсулро барои саломатии инсон зараровар эълом кард ва дар радаи сигор ва алкул (спирт) қарор дод.