Май 25, 2020 20:55 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли 237 коргари муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон

Субҳи рӯзи душанбе 237 коргари муҳоҷири ихроҷии тоҷик ва 13 ҷасади фавтидагон аз Маскав ба Душанбе мунтақил шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷикТа, мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин парвози вижаи интиқоли коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик ва аъзои хонаводаҳои онон аз Русия буд, ки пас аз тавофуқи Душанбе ва Москва имконпазир гардид.

Ин ҳавопаймо дар парвози баргашт 48 устоди русзабонро, ки то кунун дар мактабҳои миёнаи русизабони Тоҷикистон машғули кор буданд, ба Русия баргардонд.

 Гуфта мешавад, ки тамоми атбои тоҷик аз фурудгоҳи Душанбе ба осоишгоҳи мавсум ба Садбарг ба дараи Ромит дар ноҳияи Ваҳдат мунтақил ва қарантина шудаанд.

Дар пайи густариши вируси корона ва қатъи парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон аз рғзи 19 марти имсол акнун садҳо коргари муҳоҷири бекоршуда ва аъзои хонаводаҳои онон, ки қасди бозгашт ба кишвари хешро доранд, наметавонанд ба ватан бозгарданд.