Касри наздик ба 60 миллион долларии бюджети ҳукумати Тоҷикистон
Вазорати молияи Тоҷикистон аз касри наздик ба 60 миллион долларии бюджети ҳукумати ин кишвар тайи чаҳоро моҳи нахусти имсол хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Осиё Плюс, ҳаҷми умумии бюджети шукумати Тоҷикистон тайи чаҳор моҳи соли равон ба 6 миллиарду 823 миллион сомонӣ расидааст, ки бо касри 600 миллионгг сомонӣ (муодили 58 миллион доллар) рубарӯ шудааст.
Вазорати молияи Тоҷикистон далели ин касри бюджетро густариши вируси корона ба сабаби таътилии касбукорҳо ва коҳиши пардохти молиёт ва аворизи мухталиф унвон кардааст.
Коршиносони Вазорати молияи Тоҷикистон бо ишора ба авзои иқтисодии Тоҷикистон дар паи густариши вируси корона дар ин кишвар эҳтимоли касри 230 миллион долларии бюджети ҳукумат то поёни имсол пешбинӣ кандаанд.
Ҳаҷми умумии бюджети ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2020, 26 миллиарду 100 миллион сомонӣ(муодили 2 миллиард 100 миллион доллар) аст.