Оғози барномарезӣ барои бозгашти муҳоҷирони тоҷик ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53982-Оғози_барномарезӣ_барои_бозгашти_муҳоҷирони_тоҷик_ба_Русия
Сафорати Тоҷикистон дар Русия эълом кард: Барномарезӣ барои бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон оғоз шудааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 26, 2020 13:44 Asia/Dushanbe
  • Оғози барномарезӣ барои бозгашти муҳоҷирони тоҷик ба Русия

Сафорати Тоҷикистон дар Русия эълом кард: Барномарезӣ барои бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон оғоз шудааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, сафорати Тоҷикистон дар Русия гузориш дод муҳоҷирон аз тариқи ҳавоӣ ва заминӣ ба кишвар бармегарданд. Дар аввалин марҳала он даста аз афроде, ки дар се моҳи гузашта дар марокизи нигоҳдории муваққати шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд ба Тоҷикистон бозгардонда мешаванд.

Дар мавриди чигунагии бозгашти боқимондаи шаҳрвандони тоҷики сокини Русия ҳам Ситоди муқобила бо коронавируси Тоҷикистон тасмим мегирад.

Бозгашти шаҳрвандони тоҷик ба кишварашон бастагӣ ба шароит ва имконоти пизишкӣ дар Тоҷикистон дорад.