Май 26, 2020 21:09 Asia/Dushanbe
  • Беҳбуд ёфтани раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон аз Ковид-19

Раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон, ки гуфта мешавад ба вируси корона мубтало шудааст, аз беҳбуд ёфтани хеш хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Саид Мукаррам Абдулқодирзода гуфтааст, ки пас аз беҳбуд ёфтан, акнун пизишкон ба вай иҷозати хуруҷ аз хона ва қадам задан дар берунро додааанд.

Наздикони вай таъкид кардаанд, ки бемории раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон қабл аз моҳи мубораки Рамазон оғоз шуд ва пизишкон ба далели нигаронкунанда набудани вазъи ҷисмонии Абдулқодирзода дар хона ӯро таҳти дармон қарор доданд. 

Саид Мукаррам Абдулуодирзода бо ибрози ташаккур аз ҳамаи касоне, ки барои шифои вай дуо кардаанд, хостори амал кардани мардуми Тоҷикистон ба тавсияҳои беҳдоштӣ барои ҷулугирӣ аз густариши вируси карона дар ин кишвар шудааст