Амнияти марзҳо, меҳвари дидори дабирони амнияти милли Тоҷикистон ва Русия
(last modified Tue, 04 Oct 2016 13:14:53 GMT )
Октябр 04, 2016 18:14 Asia/Dushanbe
  • Амнияти марзҳо, меҳвари дидори дабирони амнияти милли Тоҷикистон ва Русия

Дабирони Шӯрои амнияти милли Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дидор ва дар бораи амнияти минтақа ва марзҳо музокира карданд.

Ба иттилои хабаргузори форс, Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе мизбони Николай Патрушев, ҳамтои русиаш буд ва дутараф дар ин дидор дар бораи мубориза бо терроризми байналмилалӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи муҳоҷират, ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баҳсу табодули назар карданд.

Баррасии вазъи Афғонистон ва таъсири он бар амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва роҳҳои тақвияти марз Тоҷикистон ва Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ аз дигар мавзуоти ин дидор буд.

Қаҳҳоров ва Патрушев ҳамчунин бар тақвияти ҳамкориҳои Москва ва Душанбе дар чорчуби созмонҳои минтақаӣ монанди Паймон амнияти ҷамъӣ, Созмони Шанҳай ва Иттиҳоди кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ таъкид карданд.

Дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Русия ҳамчунин тарҳи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои Шӯрои амнияти миллии ду кишвар дар бораи таъмин амнияти миллӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ барои солҳои 2017-2018-ро ба имзо расониданд.

Мулоқоти дабирони Шӯрои амнияти миллӣ ва масъулони амниятии Русия ва Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки вазъи амниятӣ дар вилояти Қундузи Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон дар ду рӯзи ахир муташанниҷ гузориш шудааст.