Тавлиди рӯзона 6000 адад ниқоби муҳофизатӣ дар ширкати нассоҷии Хӯҷанд
Май 30, 2020 14:35 Asia/Dushanbe
Ширкати нассоҷии Хӯҷанд рӯзона 6000 адад ниқоби муҳофизатӣ тавлид мекунад.
Ба нақл аз Азия Плюс, ҳамчунин дар ин ширкат ҳар рӯз 200 даст либоси муҳофизатии пизишкӣ тавлид мешавад.
Ин ширкат дар ҳоли ҳозир се навъ ниқоби муҳофизатӣ тавлид мекунад ва метавонад дар моҳ то як миллион адад ниқоби пизишкӣ тавлид кунад.
Мудирони ширкати нассоҷии Хӯҷанд ҳамчунин бо ширкати Bell Bimbo Plus қарордоде ба арзиши 68000 доллар имзо карданд, ки бар асоси он, либоси мадрасаи донишомӯзони кишвари Беларусро бидӯзанд.