Май 30, 2020 18:13 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Тоҷикистон ба изҳороти вазири умури хориҷаи Русия

Тоҷикистон бо ирсоли ёддоште эътирозомез ба Вазорати умури хориҷаи Русия, ба суҳбатҳои Лавров дар бораи масоили марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон эътироз кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, дар ёддошти эътирозии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба Вазорати умури хориҷаи Русия омадааст: Таъин ва нишонагузории марзҳои давлатӣ аз умури дохилии кишварҳои узви Паймони амнияти ҷамъӣ буда ва мунҳасиран ба сурати дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳоли иҷро аст.

Дар ин ёддошти эътирозӣ таъкид шуда, ки вуруди тарафи севвум ба раванди ҳаллу фасли масоили марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон иқдоме номуносиб ва ғайри зарурӣ аст.

Сергей Лавров- вазири умури хориҷаи Русия дар поёни видеоконфронси ахири Шурои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, аз омодагии Маскав барои миёнҷигарӣ (воситагарӣ) дар ҳалли масоили марзӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон хабар дода буд.

Қирғизистон ва Тоҷикистон ду ҷумҳурии истиқлолёфта аз шуравӣ, се даҳсола аст, ки бо даргириҳо дар манотиқи марзии худ, ки маҳалли зиндагии қавмҳои мухталиф аст рӯбарӯ ҳастанд.

 

Барчасп