Гузориши вижа: Талоши ҳукумати Тоҷикистон барои бозгардонидани муҳоҷирони корӣ
Май 30, 2020 21:34 Asia/Dushanbe
Аз ҳангоми оғози ҳамагирии вируси корона дар ҷаҳон кишварҳои мухталиф талош мекунанд шаҳрвандони худро аз дигар кишварҳо бозгардонанд.
Ҳукумати Тоҷикистон низ то кунун дар чанд марҳала теъдоде аз шаҳрвандони худро, ки аксаран муҳоҷирони корӣ ҳастанд аз кишварҳои мухталиф ба вижа Русия ба ватан бозгардондааст. Бо ин ҳол мақомоти тоҷик мегӯянд имкони интиқоли ҳамаи шаҳрвандони хоҳони бозгашт вуҷуд надорад.