Ҳимояти мардуми ҷаҳон аз Ҷумҳурии исломии Эрон
(last modified Mon, 23 Jun 2025 04:14:40 GMT )
Июн 23, 2025 09:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти мардуми ҷаҳон аз Ҷумҳурии исломии Эрон

Порс-Тудей. ҷамъе аз мардуми Олмон дар роҳпаймои бошукуҳ, таҷовузи режими саҳюнистӣ  ва тарафдоронаш алайҳи хоки Эронро маҳкум карданд.

Мардуми Олмон бо ҳузур дар роҳпаймои бошукуҳ дар хиёбонҳои шаҳри Берлин, пойтахти ин кишвар , зимни маҳкумияти таҷовузи режими саҳюнистӣ ва тарафдоронаш алайҳи хоки Эрон , бо сар додани шиорҳое ва  ҳамли парчами Ҷумҳурии исломии Эрон , ҳимояти худро аз Эрон эълом карданд .

Ба гузориши Порс-Тудей, ҳам замон бо баргузарии таҷаммуъоти мухталифи мардумӣ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон дар маҳкумияти таҷовузи режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон , шуморе аз фаъолони расона , равшанфикрону мардуми Мавритания низ бо таҷаммуъ дар хиёбонҳои шаҳр « Nouakchott » пойтахти ин кишвар , ҳимояти худро аз Ҷумҳурии исломии Эрон эълом карданд .   
Рӯзи шанбе даҳҳо ҳазор нафар дар пойтахтҳои мухталифи Aврупо бо баргузарии тазоҳуроти густарда , таҷовузи низомии режими саҳюнистӣ ба Эронро ба шиддат маҳкум карданд ва хостори таваққуфи фаврии ҷанг , таҳрими таслеҳотии Исроил ва бозгашт ба масири сулҳ ва дипломатия шуданд .