Июн 01, 2020 12:02 Asia/Dushanbe
  • Бозгардондани 680 коргари ихроҷӣ ва 56 ҷасад аз Русия ба Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз бозгардондани 680 коргари муҳоҷири ихроҷӣ ва 56 ҷасади тоҷикҳо аз Русия ба кишварашон дар рӯзҳои 19 то 30 май хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ин теъдод коргари муҳоҷири ихроҷие, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ (МНМШХ)-и Русия дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар нигоҳдорӣ мешуданд, бо чанд парвози  ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ ва тоҷикистонӣ ба Душанбе мунтақил шудаанд.

Дар тозатарин марҳилаи интиқоли коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик аз Русия  49 нафар ва 13 ҷасади шаҳрвандони фавтидаи тоҷикро ширкати русии “Уральские авиалинии” ба Тоҷикистон бозгардондааст.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки амалиёти интиқоли шаҳрвандони ин кишвар, ки дар хориҷ ба далели густариши коронавирус гирифтор шудаанд бо парвозҳои чартерии ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ идома хоҳад ёфт.