Июн 01, 2020 18:00 Asia/Dushanbe
  • Сафари Раисҷумҳури  Тоҷикистон ба Русия

Раисҷумҳур барои иштирок дар парад ба муносибати 75-умин солгарди ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба Маскав меравад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия плюс, илова ба Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мақомоти кишварҳои узви узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ  ҳам барои ҳузур дар ин маросим, ки 24 июн баргузор хоҳад шуд даъват шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар бо мақомоти кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ низ мулоқот мекунад.

Аммо тибқи гуфтаи як манбаъи хабарӣ джар Вазорати дифои Тоҷикистон, реҷаи намояндагони Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар дар маросими солгарди пирӯзии чанги меҳанӣ лағв шудааст.

Дар ин маросим фақат намояндагони Қувваҳои  мусаллаҳи Русия дар Майдони сурх парад мекунанд.