Июн 02, 2020 16:40 Asia/Dushanbe
  • Баргузории иқдоми хайрияи ҳизби кишоварзии Тоҷикистон

Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон дар ҳимоят аз пизишкон дар манотиқи мухталифи кишвар барномаи хайрия баргузор кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз parlament.tj  ин ҳизб дар ҳафт шаҳр ва манотиқи Душанбе , Исфара, Спитамен, Темурмалик, Воз, Бобоҷон Ғаффуров ва Носири Хисрав иқдоми хайрия баргузор кард. Рустами Латифзода, раиси ҳизби кишоварзии Тоҷикистон гуфт: ин кӯмакҳо, ки бо ҳазинаи шахсии намояндагон ва аъзои фаъоли ҳизби Тоҷикистон ҷамъоварӣ шуд, шомили ниқобҳои пизишкӣ, дасткаш, либоси муҳофиз, айнаки именӣ, маҳлулҳои зиддиуфуникунанда ва маводи ғизоӣ аст.