Июн 03, 2020 18:53 Asia/Dushanbe
  • Даъвати муҳоҷирони корӣ дар Русия барои кор дар ширкати дӯзандагӣ

Корхонаи дӯзандагӣ дар Новосибирски Русия муҳоҷирони тоҷикро ба кор даъват кард.

Ба гузориши “Спутник”, соати корӣ дар ин корхона аз душанбе то ҷумъа, аз соати 8 то 17 ва маоши коргарон низ байни 25000 то 40000 рубли русӣ аст.

Намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гузориш дод, корхонаи дӯзандагии Рита Руминия дар Новосибирск аз занҳои дӯзандаи тоҷик барои кор даъват кардааст.

Ин ширкат пӯшок ва кафшҳои пахтагии кӯдакона тавлид мекунад.

Пеш аз ин мудирияти корхонаи хишти “Кур” дар Новосибирск ҳам аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор даъват карда буд.

60 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ширкат машғули кор шуданд.

Новосибирск севумин шаҳри бузурги Русия пас аз Маскав ва Санкт-Петербург аст.