Июн 04, 2020 16:27 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон дар моҳи июл

Теъдоде аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия, фурӯши билети парвоз ба Тоҷикистонро аз рӯзҳои аввали июл оғоз карданд.

Ба нақл аз сомонаи Taj Week, ширкати ҳавопаймоии "Урал"-и Русия эълом кард, ки аз 13 июли ҳар рӯз ду ҳавопаймо ба Душанбе ва ду ҳавопаймо ба Хӯҷанд парвоз хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки қимати билет барои ҳар мусофир дар масири Маскав ба Душанбе 2246 сомонӣ ва Мавкав бв Хӯҷанд 1609 сомонӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин ширкати ҳавопаймоии "ЮТэйр"-и Русия ҳам эълом кард, аз 30 июл фурӯши билет дар масири Маскав ба Душанберо оғоз хоҳад кард, ки қимати он 2018 сомонӣ таъин шудааст.