Эъзоми муҷаддади ҳайати Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
(last modified Thu, 04 Jun 2020 15:34:12 GMT )
Июн 04, 2020 20:34 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми муҷаддади ҳайати Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Маъмурияти Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ қарор аст, дар ояндаи наздик дубора ба Тоҷикистон эъзом шавад.

Ба нақл аз "Фарғона", ин хабар дар як конфронси матбуотии бахши аврупоии ин созмон эълом шуд.

Дар ҳамин замина, доктор Олег Строженко, узви ҳайати эъзомии пешини Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон гуфт, ки бояд аз талошҳои Вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар ростои мубориза бо ҳамагирии бемории коронавирус ҳимоят кард.

Вай афзуд: Шумо бояд бидонед, ки ҳеҷ ваксина ва ҳеҷ дармони хос барои коронавирус вуҷуд надорад. Бинобар ин, далеле барои ором нишастан ва тазъифи талош вуҷуд надорад. Баръакс, кӯшиш лозим аст. Лозим аст бо мардум бештар кор кунем то ёд бигирем, ки чӣ гуна дар шароите зиндагӣ кунем, ки ин вирус дар муҳит вуҷуд дорад.