Июн 05, 2020 16:50 Asia/Dushanbe
  • Такзиби азсаргирии парвозҳо дар масири Тоҷикистон - Русия

Ожонси ҳавопаймоии вобаста ба давлати Тоҷикистон интишори ахбор дар бораи азсаргирии парвозҳои байналмилалӣ дар масири Русияро такзиб кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ожонси ҳавопаймоии кишварии вобаста ба давлати Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард, парвозҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар масири Русия танҳо баъд аз поён ёфтани ҳамагирӣ ва беҳбуди вазъияти беҳдоштӣ аз сар гирифта хоҳад шуд ва дар ин маврид мақомоти расмии Тоҷикистон иттилоърасонӣ хоҳанд кард.

Ожонси ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, аз хариди билет худдорӣ кунанд.

Бархе расонаҳо дар бораи оғози фурӯши билети ҳавопаймо дар масири Тоҷикистон - Русия дар бархе ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аз моҳи ояндаи мелодӣ хабар дода буданд.

Ба далели ҳамагирии корона, иртиботи ҳавоии Тоҷикистон дар тамоми масирҳо аз 20 март қатъ аст.

 

Барчасп