Июн 07, 2020 13:57 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раиси Маҷлиси Тоҷикистон ба Қолибоф

Раиси Маҷлиси Тоҷикистон дар паёме ба Муҳаммадбоқири Қолибоф интихоби вай ба раёсати Маҷлиси Шурои исломиро табрик гуфт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар паёме бо табрики интихоби Қолибоф ба раёсати Маҷлиси Шурои исломӣ, ибрози умедворӣ кард, ки фаолияти Маҷлиси Шурои исломӣ дар давраи ёздаҳум ба таҳким ва густариши муносиботи дӯстонаи Тоҷикистон ва Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф мунҷар шавад.

Ба гузориши ИСНА, ба нақл аз Идораи кулли фарҳангӣ ва равобити умумии Маҷлиси Шурои исломӣ, Муҳаммадтоҳир Зокирзода бо судури паёми табрик ба муносибати интихоби Муҳаммадбоқири Қолибоф ба раёсати Маҷлиси Шурои исломӣ бар нақши гурӯҳҳои дӯстии парлумонии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар таъкид кард.

Матни комили паёми раиси Маҷлиси Тоҷикистон хитоб ба доктор Қолибоф ба ин шарҳ аст:

Ҷаноби оқои Муҳаммадбоқири Қолибоф- раиси муҳтарами Маҷлиси Шурои исломии Эрон- салом алайкум; муфтахарам интихоби ҷаноби олиро ба унвони раиси ҷадиди Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, самимона табрик арз намоям. Умедворам фаолияти ҷаноби олӣ ба унвони раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҷиби таҳким ва густариши муносиботи дӯстонаи ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон ва Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф шавад. Дар ин росто, нақши гурӯҳҳои дӯстии парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳури Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тавсеаи ҳамкории парлумонии ду кишвар, муҳим арзёбӣ мешавад. Умедворам ҳамдилӣ, бародарӣ, сулҳ ва субот дар минтақа, аз аҳдофи муштарак ва муҳими ҳамкории ду кишвари дӯст ва бародар бошад. Ҳамзамон зимни табрик ва шодбош, барои ҷаноби олӣ саломатии комил ва муваффақиятҳои бештарро хосторам. Бо эҳтиром Муҳммадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.